User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои иштирокдори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ гӯшаҳои намоишии Тоҷикистон ташкил шуда буд, ки дар он номгӯи зиёди молҳои корхонаҳои саноатии кишвар, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Дар намоишгоҳи таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд.

Павилиони Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад.

Аснои шиносоӣ бо гушаи таомҳои миллӣ дар намоишгоҳи Тоҷикистон Сарони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва ба маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд.

Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар гушаи молҳои саноатӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, обҳои рангаи ташнашикан, маҳсулоти рангуборкунӣ, сангҳои ороишӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат ва бахши хусусӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар як муддати кутоҳ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бунёд карда шуд.

Имрӯзҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир гаштаанд ва маъруфияти торафт бештар касб мекунанд. Дар намоишгоҳ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд маҳсулоти ба бозор ва талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуро ба маъраз гузоранд.

Зимни муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Баъди боздид аз намоишгоҳ Сарони давлатҳо дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат варзиданд.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистонро бо барномаи ҷолиби консертӣ устодони санъати тоҷик, овозхонон, мутрибон ва раққосаҳои хушхироми ансамблҳои кишвар муаррифӣ намуданд.

Сарчашма:president.tj