Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷӯҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентябри соли 2011, №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025, №26/10-315 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 санаи 21 июли соли 2025, соати 0900 дар бинои Агентии хизмати давлатӣ бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, ошёнаи 2 баргузор мегардад.
Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 21 июли соли равон аз соати 0830 оғоз мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд, ки қаблан тавассути телефонҳои 224-40-67, 224-53-22 ё почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. аз қайд гузаранд.